Фильтр
Гохе такдир чунин азобам медихад ки аз
зиндаги сер мешавам. Вале гохе кисмат
чунин хушбахтам месозад ки дунёро
фаромуш мекунам. Аммо фалаки
чафокор чафохои бисёре дорад. Гохе
мехохам бо тамоми хастиям ба суи такдир
фарёд зада гуям басаст бас! чунин чафо!
чунин дард! чунин дарду гам вале гуё
тагдир кар бошаду фалак кур ки на
фарёдамро мешунаваду на азобамро
мебинад
Ту мондиву ғами ёрат, худо ёрат, худо ёрат!
Ба ҷуз ғам нест ғамхорат, худо ёрат, худо ёрат!

Ягона меҳрубонат рафт, яъне ҷони ҷонат рафт,
Ту мондиву дили зорат, худо ёрат, худо ёрат!

Дилатро об кардӣ, то дили ёрат бувад шодоб,
На дил монду на дилдорат, худо ёрат, худо ёрат!

Шифокорони дарди ту зи ваҳми дарди ту мурданд,
Намонда як мададгорат, худо ёрат, худо ёрат!

Зи ашкат тар шуда болин, ба ҳаққи дил бикун омин,
Ки нимаҷон кашад борат, худо ёрат, худо ёрат!

Дилат дар сина меларзад, танат аз марг метарсад,
Чӣ имдоде зи осорат? Худо ёрат, худо ёрат!

Сарат дар бистари марг аст, чашмат ёр меҷӯяд,
Ки бинад ҳоли абгорат, худо ёрат, худо ёрат!

Туро аз ҷумлаи кори ҷаҳон як ҷонканӣ монда,
Худо
Онон, ки куҳанд шуданду онон ки наванд,
Ҳар як паси якдигар якояк бираванд.
Ин мулки ҷаҳон ба кас намонад ҷовид
Рафтанду, равему, боз оянду раванд!!!!!
ЧАҲОР БӮСА
Дар баҳорон
Зери борон
Бо навои обшорон
Чашмҳоятро бибӯсам,
Чашмҳои бегуноҳатро бибӯсам.
Масту шодон
Синабирён
Фасли тобистони сӯзон
Хирмани мӯят бибӯсам,
Гарм-гарм аз тоқи абрӯят бибӯсам.
Тирамоҳон
Зору пазмон
Рӯ ба рӯи барги резон
Аз лаби нӯшат бибӯсам,
Аз бари рӯю баногӯшат бибӯсам.
Дар зимистон
Гарму сӯзон
Зери барфи тунду печон
Рӯи хуршедат бибӯсам,
Бо ҳазор армону уммедат бибӯсам.
#ЛОИКШЕРАЛИ #ТАДЖИКИСТАН
ЛОИК ШЕРАЛИ - 26.08.1981
Показать ещё