Фильтр
Ки гуфт ишк хаст? ишк нест
Ишк дар дунё
Зи фикри ту дилам хокистарранг шуд
Чудои мисли бахри ногузар шуд
Ба едам бусаи лабхот намонад
Агар чашмони ман туро набинад
Чудо аз руят эй мохи дилафруз,
На шаб дорам рохат на дар руз.
Биё бинмой рухи зебоят ай дуст,
Чароги мурдаамро ту барафруз.
Зи ишкат сухтаву зорам дар дахр,
Биё охи сахар аз ман биёмуз.
Сиришк аз дида мерезад чу борон,
Вале бо ёди ту оромам шабу руз.
Висолат гар маро гардад муяссар,
Хама рузам шавад чун иди навруз.
Бинолад Муслими бечора аз дард,
Ки кай ояд субху шаб шавад руз.
Гарчи ишкат чониби дардам хидоят мекунад,
Ёди руят хотири моро кифоят мекунад.
Лаззати дидори шабнам руи гул як лахза буд,
Ту магар диди, ки у боре шикоят мекунад
Хобро дар ру ба ру биншонда калбам то хануз
Киссаи чодуи чашматро хикоят мекунад
Барги сабзе аз садокат боги ишки ту надошт
Як сабад ахди вафоро пеши поят мекунад
Дар дили шаб чонамози нозро густурдаву
Харфхоро аз мухаббат оят-оят мекунад
Бомдод андар намози рузи нав бо сад умед
Банди ишки мо бимон,- гуён дуоят мекунад
Булбулам аз бустони ман бирафт.
Субху шомам аз гулистонам бирафт.
Зеби ин бустон наёфтам булбуле.
Гуш кун Ошик субху шоми ту бирафт
Ошики Fариб
Шабонгохе зи Ман ранчида рафти,
Парешон ашки гам бар дида рафти.
Туро гирёндаму худ хам гиристам,
Чаро ашки маро нодида рафти?...
Биё то муниси хам ёри хам гамхори хам бошем
Аниси чони гам фарсудаи бемори хам бошем
Шаб ояд шамъи хам гардем бахри якдигар сузем
шавад чун руз дасту пойи хам дар кори хам бошем
Давои хам, шифои хам, барои хам, фидои хам
Дили хам, чони хам, дилдори хам бошем
Ба хам як тан шавему якдилу якрангу якпеша
Саре дар кори хам орем, души бори хам бошем
Чудоиро набошад захрае то дар миён ояд
Ба хам орем сар бар гирди хам паргори хам бошем
Хаёти якдигар бошему бахри якдигар мирем
Гахе хандон зи хам ки хаставу афгори хам бошем
Ба вакти хушёри акли кул гардем бахри хам
Чу вакти масти ояд согари саршори хам бошем
Шавем аз нагмасози андалеби гамсарои хам
Ба рангу буи якдигар шуда гулзори хам бошем
Ба чамъ
Дар хаёлам бо ту дар парвоз ман,
Дар хаёлам бо туям хамсоз ман.
Дар хаёлам бо ту дар як хонадон
Хамдаму хамхонаву хамроз ман.

Дар хаёлам бо туву дунболи ту,
Бигзарам аз кўчабоѓи ошиќон.
Бар ту хонам мисрахои пуралам,
Розгўи дарду доѓи ошиќон.

Дар хаёлам ин сари савдозада,
Рўи зонуи бихиштї мондаам.
Хасрату доѓи чудогиро басе
Дар хаёл бо домани ту рондаам.

Дар хаёлам мисрахои дарди ман.
Хондаиву гаштаи хамдарди ман.
Бо таби худ гарм месози гахе,
Бистари пурормону сарди ман.

Дар хаёлам аз лабони лаъли ту,
Орзўи зиндагони ёфтам.
Аз висоли мушкбўят дар хаёл,
Лаззату коми чавони ёфтам

Дар хаёлам хамчу Фарход борхо,
Синахои Бесутун бишкофтаам,
Хештан ќурбони Ширин кардаам,
Хамчу Хусрав то тур
Показать ещё