То чашм ба ҳам задем бигзашту бирафт,ҳайфи рамазон,ки меҳмони хама буд.Эй ҳам моҳи қадру, ҳам моҳи сиём,файзи ъанборат гирифта хосу ом,Соя афкан бар сарам рузи қиём. АЛВАДО ЭЙ МОҲИ РАҲМАТ АЛВАДО.Эй ту маншури наҷоти баҳри мо,манзалат бахши ту қурби кибриё,Бандаро ту мекаши суи худо. АЛВАДО ЭЙ МОҲИ РАҲМАТ АЛВАДО.Ҳури ъийн кам шавад аз рафтанат,Тоби хуршед кам шавад аз рафтанат,Равнақи бадр кам шавад аз рафтанат.АЛВАДО ЭЙ МОҲИ РАҲМАТ АЛВАДО. Ваъдаи раҳмат биёмад аввалат,Авсатат гашта баёни мағфират,З-оташи дузах халоси охират.АЛВАДО ЭЙ МОҲИ РАҲМАТ АЛВАДО.Бо забони ҳол мегуи ба мо,мекуни ҳар соате бар мо нидо,ҷахд созед пок гардед аз гуноҳ.АЛВАДО ЭЙ МОҲИ РАҲМАТ АЛВАДО.Хар замонро суи Раҳмон мебари,номаҳои мустамандон мебари,нолаҳои ин ятимон мебари,АЛВАДО ЭЙ МОҲИ РАҲМАТ АЛВАДО.Гар рави ба даргоди он Подшоҳ,Арз кун аз бандагони пургуноҳ,лутф бинмо то нагардем русиёҳ,АЛВАДО ЭЙ МОҲИ РАҲМАТ АЛВАДО.....رمضان مبارك
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев