баромада буд ва хабаре аз У
набуд, модараш хамеша
дар хона нишаста дуо мекард то солим ба
хона баргардад. Ин зан харруз барои
аъзои хонаводааш нон
мепухт ва як нони изофи хам ба номи
писараш мепухт ва онро пушти дар
мегузошт, то рохгузар ё
мусофири гуруснае онро гирифта бихурад.
Харруз марди кузапуште аз он чо
мегузашт ва онро нонро
гирифта ба чои он ки сипосгузори кунад,
мегуфт:
Харкори палиде, ки бикунед бо шумо
мемонад ва харкори неке анчом дихед ба
шумо боз мегардад.Чун
ин марди рохгузари кузапушт ҳар руз ин
суханашро такрор мекард, зан норохат
шуда ба худ гуфт: ин
мард на танхо ташаккур намекунад,
балки ҳар руз ин суханашро такрор
мекунад, намедонам
максадаш чист?
Як руз зан, ки аз шунидани ин суханон
бисёр норохат шуда буд ба худ гуфт ман
бояд коре кунам аз
шари ин марди кузапушти фақир халос
шавам. Нонро захролуд карду бо дастони
ларзон онро пушти
дар гузошт. Аммо пас аз чанд лаҳзае ба
худ омаду гуфт: ин чи корест, ки ман
мекунам? Дархол нонро
гирифту нони дигаре пухта пушти дар
гузошт.Мард чун одат омада нонро
гирифту чунин суханонашро
такрор карду ба рохи худ рафт.
Худи хамон шаб дари хонаи занро касе
кубид, вакте ин пиразан дарро кушод, дид
чавони логар ва
хамидае бо тани хаставу гурусна ва
либосхои порашуда пушти дар истодааст,
зан вакте хубтар
нигарист дид фарзанди худаш аст. Гуфт:
фарзанди чонам! Туро чи шудааст?Ҷавон
гуфт: модар агар ин
муъчиза намебуд наметавонистам худро
ба назди шумо бирасонам. Дар рох ба
инчо чунон гурусна ва
нотавон шуда будам, ки дар рох афтода
наздик буд аз ҳуш биравам. Ногаҳон
рохгузари кузапуштеро
дидам, ки аз дур ба наздам омад ва аз У
лукмаи ѓизое хостам, У ба ман як нон
дод ва гуфт: ин ягона
чизе аст, ки харруз ман онро мехурам ва
имруз онро ба ту медихам, зеро ту ба он
бештар аз ман ниёз
дори.Вакте модар ин мочароро шунид
ранг аз чехрааш парид ва ба ёд овард, ки
нони захролуде барои
он мард пухта буд, агар ба садои
вичдонаш гуш накарда буд ва нони дигаре
барои У напухта буд, чи
ҳоле ба сари фарзандаш омада меомад.
Ин чо буд, ки зан маънои суханони
рузонаи марди кузапуштро
дарёфт, ки мегуфт:Харкори палиде, ки
бикунед бо шумо мемонад ва ҳар кори
неке анчом диҳед ба
шумо боз мегардад. "Бародарон ва
Хохарони Муъмин-а ин кисахое,ки
мехонед , инхо на барои
худнамои балки барои панд ва насихат
вабарои ибрате ,ки шояд яке аз мову
Шумо аз рохи бад бар
рохи нек баргардем. "
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев