
Бо сард шудани равобит миёни Аврупо ва Амрико, давлатҳо ва ширкатҳои аврупоӣ бо суръат мекӯшанд вобастагии худро ба Вашингтон дар соҳаҳои технология, таҷҳизоти низомӣ ва манобеи энергетикӣ коҳиш диҳанд.
Ба гузориши ТоҷикПресс, нашрияи Политико навишт: Иттиҳоди Аврупо ҳадафи дарозмуддатеро барои коҳиш додани такя ба Амрико дар соҳаҳое чун технология, энержӣ, низомҳои пардохт ва дифоъ пайгирӣ мекунад, аммо ин масир ниёз ба замон дорад.
Даҳсолаҳо боз Аврупо барои таъмини амнияти худ ба кафолатҳои НАТО ва барои пешбурди иқтисоди худ ба технологияҳои амрикоӣ такя кардааст. Бо ин ҳол, таҳдидҳои ахири Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, дар бораи хариди Гренландия ва изҳороти тунд аз сӯи мақомоти давлати ӯ алайҳи Аврупо, баҳонаи тозае ба раҳбарони аврупоӣ додааст то бар истиқлол аз Амрико таъкид кунанд.
Фридрих Мертс, садри аъзами Олмон, ҳафтаи гузашта изҳор кард: “Агар мехоҳем боз ҷиддӣ гирифта шавем, бояд забони сиёсати қудратро биомӯзем.”
Политико дар ин гузориш таъкид мекунад: “Аз мамнуъ сохтани истифодаи абзорҳои амрикоии видеоконфронс аз сӯи кормандони давлат то тавофуқҳои тиҷорӣ бо кишварҳое монанди Ҳинд ва талош барои гуногунсозии таъминкунандагони энержии Аврупо, иқдомҳои ин қора барои ба ҳадди ақал расондани вобастагӣ ба Амрико суръат гирифтаанд. Раҳбарони Иттиҳоди Аврупо ҳушдор медиҳанд, ки равобити фароатлантикӣ ба эҳтимоли зиёд ба вазъияти пеш аз Трамп бознамегардад.” https://tajikpress.com/2026/02/10/%d0%be%d2%93%d0%be%d0%b7%d0%b8-%d2%b3%d0%b0%d1%80%d0%b0%d0%ba%d0%b0%d1%82%d0%b8-%d1%82%d0%b0%d0%b4%d1%80%d0%b8%d2%b7%d0%b8%d0%b8-%d0%b0%d0%b2%d1%80%d1%83%d0%bf%d0%be-%d0%b1%d0%b0-%d1%81%d3%af%d0%b8/


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев