5 феврал дар доираи Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо, ки аз 3 то 5 феврали соли 2026 дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор гардид, аз ҷониби директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Илёс Идрисзода ва Вазири давлатӣ, Дабири кулли Девони вазирони Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Марям бинти Аҳмад Ал Ҳаммодӣ Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Арабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти табодули таҷрибаи идоракунии давлатӣ ба имзо расид.

Дар ин хусус ба «Ховар» аз Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд:
Бояд гуфт, ки Ёддошти тафоҳум барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти идоракунии давлатӣ, аз ҷумла ба ташкили табодули таҷриба оид ба амалисозии консепсияҳо, стратегияҳо ва дигар барномаҳои давлатӣ, ҳамоҳангсозӣ ва арзёбии фаъолияти мақомоти давлатӣ дар низоми идоракунии давлатӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ, рақамикунонии идоракунии давлатӣ, таъмини рушди иқтидор ва омодасозии кадрҳои идоракунии давлатӣ дар хориҷи мамлакат ва ҳамоҳангсозӣ барои баланд бардоштани рақобатпазирии идоракунии давлатӣ мусоидат менамояд. https://tajikpress.com/2026/02/07/%d1%82%d0%b0%d0%ba%d0%b8%d0%b4%d0%b8-%d1%82%d0%be%d2%b7%d0%b8%d0%ba%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%be%d0%bd%d1%83-%d0%b0%d0%bc%d0%be%d1%80%d0%be%d1%82-%d0%b4%d0%b0%d1%80-%d1%80%d0%be%d0%b1%d0%b8%d1%82%d0%b0/

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев