МАХӮР ҒАМ ҲИКМАТЕ ДОРАД...
Балое чун расад бар ту, махӯр ғам, ҳикмате дорад,
Чу дардеро Худо бахшад, яқинан қиммате дорад.
Яке розӣ, зи тақдиру яке ҳам норизо аз он,
Ки ҳар одам ба ҳар чизе насибу қисмате дорад.
Яке афтода аз ғамҳо, ки нолидан бувад кораш,
Яке фориғ зи заҳматҳо, ки бахту роҳате дорад.
Марав бар кӯи сармастӣ, ки охар оварад пастӣ,
Ба некӣ кўш, эй ҷонам, ки дунё фурсате дорад.
Даво кун хастаҳолеро, чу мебинӣ, ки ранҷур аст
Ки бадбахтии ӯ ҳатман замону муддате дорад.
Биёбӣ ганҷи беранҷе, чу аз каф рафт, меранҷӣ,
Бидон, ҳар кас диҳад ноне, ба рӯзе миннате дорад.
Зи нодорӣ чӣ менолӣ, қаноат пеша кун, зеро,
Дами ҷон канданаш доро ба молаш лаънате дорад.
Нет комментариев