Даҳҳаи Зулҳиҷҷа
(фазоил ва аъмоле, ки анҷом додани онҳо фарз ё мустаҳаб аст)
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон. Салому дуруди Худованд бар Паёмбари хайруланом Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (с) ва хонадони поку асҳоби бузургвораш бод.
Рӯзҳои муборак ва ҳулули даҳҳаи Зулҳиҷҷаро барои кулли мусалмонони олам табрк мегӯям. Даҳае, ки дар он метавон ба осонӣ аз гуноҳони содиркардаи хеш пок гардем. Даҳае, ки ба азамату бузургии он Худову расулаш қасам ёд намуда, шаҳодат додаанд. Даҳае, ки ба осонӣ метавон касби ҳасанот намуд ва тўшае барои фардои охират муҳаё кард. Аз раҳмату лутфи илоҳист, ки бар бандагонаш мавсимҳо ва моҳҳоеро барои тоат қарор дода, то дар он амалҳои солеҳро зиёд намоянд ва ризои Ӯ, Таъолоро дарёбанд. Дар ин мавсимҳои тоату ибодат муъминон дар анҷоми амалҳои хайр сабқат меварзанд, то ба он амалҳо ба Худованд наздик гарданд. Хушбахт касест, ки ин мавсимҳои муборакро ғанимат шуморад. Албатта яке аз ин мавсимҳои муборак даҳҳаи аввали моҳи Зулҳиҷҷа аст. Даҳҳаи ин моҳро Расули Акрам (с) шаҳодат додаанд, ки аз беҳтарин рӯзҳои дунё маҳсуб меёбад. Дар ин даҳҳа умматонашро ба амали солеҳ тавсия додаанд. Худованди Таборак ва Таъоло ба даҳ рӯзи аввали моҳи Зулҳиҷҷа қасам ёд кардааст. Ин фазл кофист, ки барои ин даҳҳаи муборак Худо ва расулаш чунин бузургиро нисбат додаанд ва бузургон ҳамеша бар бузургӣ, азамат ва шарофати ин даҳа қоиланд, то дар он бандагон амалҳои некро анҷом диҳанд, ин рўзҳоро ғанимат шуморанд ва касби аъмоли солеҳ намоянд, зеро барои мо маълум нест ки дар даҳҳаи Зилҳиҷҷаи соли оянда зиндаем ё на?
ДАВОМ ДОРАД,..,
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1