Афзоиш.
Нақшаи лексия
1. Дарачаи хромосомагии сохтори масолехи ирси.
2. Дарачаи геномии сохтори масолехи ирси.
3. Афзоиш ва шаклхои он.
4. Гаметогенез.
5. Мейоз.
6. Хучайрахои чинси.
I. Дараљаи хромосомагии сохтори масолеҳи ирси.
Мафхуми хромосома соли 1888 аз тарафи олими олмони В. Валдейер пешниход карда шуд. Хромосома ин сохтори дохилиядроии хучайрахои эукариоти буда, рангро нагз кабул мекунад. ( хрома-ранг, сома-бадан, чисм). Омухтани хромосомахо хангоми таксимшавии хучайра, расиши хучайрахои чинси ва бордоршави нишон дод, ки онхо тагъирёфта меистанд ва олимон Бовери Т. ва Сеттон У. (1902-1907) ба хулоса омаданд, ки хромосомахо ба ирсияти аломатхо дахл доранд. Корхои Т. Морган ва шогирдони у ба ирсият алокаманд будани хромосомахоро тасдик карданд. Т. Морган дар хромосома бо тартиби муайян чойгиршавии генхо ва хампайвастагии генхо бо рохи тачрибави дар пашшаи дрозофила исбот кард.
Таркиби химиявии хромосомахо нишон дод, ки онхо асосан аз КДН ва сафедахо иборатанд. 60 % таркиби хромосомахоро сафедахо ташкил медиханд ва онхо 2 хел мешаванд: сафедахои гистони ва сафедахои гайригистони. Ба гайр аз КДН ва сафедахо ба таркиби хромосомахо КРН, равганхо, полисахаридхо ва иони металхо дохил мешавад. Минтакаи молекулаи КДН ва сафедахои гистони, ки аз 200 нуклеотидхо иборатанд – нуклеосома номида мешавад. Хромосомахо аз хроматин иборат аст.
Сохти зохирии хромосомахоро дар давраи метафазаи митоз омухтан кулай мебошад, чунки дар ин давра печутобхурии максимуми хроматин мушохида мешавад. Дар мархилаи аввали митоз хроматин аз ду хромотид, ки бо хамдигар бо сентромера пайваст шудаст иборат аст. Дар мархилаи дуюми митоз хроматидхо аз якдигар чудо мешаванд ва аз онхо хромасомахои якриштаи духтари хосил шуда, ба хучайрахои духтари таксим мешавад. Вобаста аз мавкеи чойгиршавии сентромера ва дарозии китфхо хромосомахоро ба якчанд гурух чудо мекунанд:
1. Сентромера дар марказ чойгир ва китфхои баробар хосил мекунад, ин хел хромосомахоро метасентрики меноманд.
2. Сентромера дар як пахлу чойгир ва китфхои хромосома нобаробар, ин хел хромосомаро субметасентрики меноманд.
3. Сентромера дар яке аз канори хромосома чойгир аст ва як китфи хромосома нест, ин хел хромосомаро акросентрики меноманд.
Хромосомахо аз хамдигар бо шакл, андоза ва генхое, ки дар онхо чойгир аст фарк мекунанд. Ба хромосомахои эукариот хусусиятхои дучандшави, доимияти сохтор ва тагъирёби хос мебошад. Дучандшавии хромосомахо дар интерфаза ба амал меояд, яъне аз дучандшавии КДН огоз меёбад.
Дарачаи сохтори хромосомагии ирсият дар хучайрахои эукариоти натанхо характери фаъолияти генхои алохида, балки шакли ирсият ва танзиму фаъолии онҳоро муайян мекунад.
Хромосомахо хамчун комплекси генхо яке аз хусусиятхои намуд мебошад.
II. Дарачаи геномии сохтори масолехи ирси.
Геном гуфта мачмуи масолехи ирсии гаплоидии организмро меноманд. Геном яке аз хусусияти намуд дар љараёни эволютсия мебошад. Ҳангоми афзоиши чинси ду геном бордор шуда, зигота хосил мекунад.
Мачмуи генхои организмро генотип меноманд. Генотип хангоми бордоршавии ду хучайрахои чинси ба вучуд меояд.
Кариотип – ин мачмуи дастаи диплоидии хромосомахои хучайрахои соматикии намуд, ки ба худ хос хусусиятхо дорад. Микдори хромосомахои гаплоидии хучайрахои чинси бо харфи n ва диплоиди бо 2n ишора карда мешавад. Кариотип яке аз хусусиятхои намуд мебошад ва аз дигар намудхо фарк мекунад.
Хромосомахои якхелаи чинсхои занона ва мардонаро аутосомхо меноманд ( дар одам 44 ё 22 чуфт ), хромосомахои фарккунандаро гетерохромосома ё хромосомахои чинси номида мешавад ( дар одам XX ё XУ). Митоз доимии микдори хромосомахоро дар чараёни эволютсия таъмин мекунад.
Хосилшавии дастаи гаплоидии хромосомахоро таксимшавии мейоз таъмин мекунад ва дар натича гаметахо хосил мешавад. Таксимшавии мейоз ва бордоршави доимияти диплоидии кариотипро таъмин мекунад.
Хамаи он чи ки дар боло гуфта шуд ба организмхои эукариоти хос мебошад. Барои организмхои прокариоти як молекулаи халкаи КДН хос аст, ки дар у масолехи ирси чойгир аст. Дар хромосамии прокариотхо сафедахои гистони дида намешавад ва нуклеосомахо хосил намекунад.
Печутобхурии хромонемахои хромосома дар минтакахои гуногуни он як хел нест. Хангоми омухтани хромосомахо дар давраи интерфаза печутобхурии онхо гуногун аст ва ин аз фаъолияти хромосомахо вобаста мебошад. Вобаста ба холати хроматин минтакахои эухроматин ва гетерохроматини чудо карда мешавад. Дар минтакахои эухроматини печутобхурии хроматинхо суст мебошад ва дар ин чойхо генхои сохтори чойгир мебошад. Инчунин ин минтака хангоми ранг кардан рангро суст кабул мекунад. Гетерохроматинхо участкахое, ки печутобхурии хроматинхо зиёд мебошад ва ин минтакахо ягон вазифа муайянро ичро намекунанд, рангро нагз кабул мекунанд. Гетерохроматинхо ба сохтори ва факултативи чудо мешаванд.
Гетерохроматинхои сохтори да назди сентромерахо чойгир шуда, ва дар ин чо транскрипсияи КДН ба амал намеояд ва мумкин аст вазифаи нигохдории сохтори умумии ядро ва таксимшавии хромосомахои гомологиро ичро кунад.
Ба гетерохроматини факултативи хроматини чинси мисол мешавад. Хроматинхои чинси дар хучайрахои занон пайдо мешавад.
III. Афзоиш ва шаклхои он.
Афзоиш яке аз хусусиятхои умумии организмхои зинда мебошад, ки ба худ монанд фардхоро хосил мекунанд. Афзоиш тагъирпазири, ба мерос гузории аломатхо ва хусусиятхои организмро таъмин мекунад. Асоси афзоиши организмхоро таксимшавии хучайрахо ташкил мекунад. Вобаста ба таври таксимшавии хучайра 2 шакли афзоиш фарк карда мешавад: афзоиши гайричинси ва афзоиши чинси.
Хангоми афзоиши гайричинси хучайрахо бо усули мейоз таксим мешавад. Афзоиши гайричинси якчанд хел мешавад.
а) таксимшави – аз як хучайра ё организм дуто хосил мешавад. Мисол таксимшавии соддатаринхо.
б) шизогония – таксимшавии бисеркаратагии ядро. Мисол хучайрахои плазмодияи варача якчанд бор таксим мешаванд. Баъди кафидани чилди хучайра ядрохои бисёр мустакил мешаванд.
в) мугчабанди – мисол дар гидра ё хамиртуруш.
г) фрагментатсия – аз як кисми организм як организми болиг пайдо мешавад.
д) спорахосилкуни – дар бисер организмхо спора хосил мешавад. Мисол сарахсхо ва занбуругхо.
е) афзоиши нашви – афзоиш бо воситаи узвхои нашви, яъне бо воситаи барг, реша ва поя мебошад.
Дар асоси афзоиши чинси бордоршавии гаметахои занона ва мардона ва хосилшавии зигота мебошад. Дар натичаи бордоршавии ду гамета дар насли нав фардхои аз волидон фарк мекарда таваллуд мешавад.
Афзоиши чинси якчанд хел мешавад. Дар организмхои якхучайра 2 шакли афзоиши чинси мушохида мешавад:
1. Копулятсия – дар соддатаринхо ду фард шакли гаметаро гирифта якчоя мешавад.
2. Конъюгатсия – ду фарди соддатаринхо бо хам наздик шуда, байни онхо пули ситоплазматики хосил мешавад. Бо воситаи пули ситоплазматики масолехи ирсии онхо омезиш мешавад. Дар натича фарди нав хосил намешавад, факат омезиши масолехи ирси ба амал меояд. Мисол дар инфузория ин хел афзоиш мушохида карда мешавад.
Дар организмхои бисёрхучайра якчанд хели афзоиши чинси дида мешавад:
1. Партоногенез – организми духтари аз хучайратухми бордорнашуда инкишоф меёбад. Ин хел афзоиш ба занбури асал хос аст. Аз хучайратухми бордоршуда – фардхои занона, аз хучайратухми бордорнашуда фарди мардона хосил мешавад.
Дар баъзе намудхо шакли афзоиши гайричинси полиэмброния дида мешавад, яъне баъди афзоиши чинси аз зиготаи хосилшуда бо сабабхои номаълум ду ё зиёда чанин хосил мешавад. Дугоникхои яктухма бо ин рох таваллуд мешавад.
Дар аксарияти организмхои зинда афзоиши чинси бо рохи бордоршавии хучайрахои чинси ба амал меояд. Дар фардхои модина ва нарина гаметахо ё хучайрахои чинси хосил мешавад. Дар фардхои занона тухмхучайра дар тухмдон ва мардона нутфа дар наслдон хосил мешавад.
IV. Гаметогенез.
Чараёни хосил шудани хучайрахои чинсиро гаметогенез меноманд. Хосилшавии хучайрахои чинсии занонаро овогенез ва хучайрахои чинсии мардонаро сперматогенез меноманд. Гаметогенез аз 4 мархила иборат аст. Мархилаи аввалро афзоиш меноманд. Дар ин мархила хучайраи диплоиди якчанд маротиба бо усули митоз таксим мешавад ва дар натича хучайрахои бисёре хосил мешавад, ки онхоро сперматогония (2n2c) дар мардхо ва овогония (2n2c) дар занхо меноманд.
Дар мархилаи дуюм ё сабзиш хучайрахо хачман калон шуда, ба сперматоситхо (2n4c) ооситхои (2n4c) дарачаи I табдил меёбад.
Ходисаи асосии мархилаи сеюм ё расиш ин ду таксимшавии меойзи мебошад. Дар таксимшавии аввал микдори хромосомахо кам мешавад ва дар таксимшавии дуюм эквасиони мешавад. Ин хел таксимшавиро мейоз меноманд. Баъди таксимшавии аввал сперматоситхо ва ооситхои дарачаи 2 хосил мешавад (1n2c). Дар натичаи таксимшави дар мархилаи расиш хар як сператотсит-1 чор сперматид хосил мекунад. Хар як оосит-1 якто тухмхучайраи пурра хосил мекунад.
Сперматогенез бо мархилаи ташакулёби ба охир мерасад ва дар натича сперматозоид ё нутфа хосил мешавад. Мархилаи ташакулёби дар овогенез мушохида карда намешавад.
V. Мейоз.
Ходисаи асосии гаметогенез ин таксимшавии мейоз мебошад. Дар натичаи таксимшавии мейоз микдори хромосомахо кам мешавад ва хучайрахои гаплоиди хосил мешавад. Ахамияти биологии мейоз хам аз хамин иборат аст, яъне аввал микдори хромосомахо кам мешавад ва баъди бордоршави хучайрахои диплоиди хосил мешавад ва доимияти микдори хромосомахоро нигох медорад.
Мейоз аз ду таксимшави дар мархилаи расиши гаметогенез иборат мебошад. Таксимшавии якуми мейоз аз хучайрахои диплоиди ба хосилшавии хучайрахои гаплоиди оварда мерасонад. Ин дар натичаи хусусиятхои махсуси профазаи – 1 мейоз вобаста аст. Дар профазаи-1 печутобхурии хромосомахо ба амал меояд ва баробари ин хромосомахои гомологи бо хамдигар конъюгатсия мешавад ва бивалент ё хромосомахои чуфт хосил мешавад. Хар як хромосома аз ду хроматид иборат ва баъди бивалент аз 4 хроматид иборат мебошад. Дар профазаи-1 дуки таксим хосил мешавад ва хромосомахо гавсу кутох мешаванд. Профазаи-1 мейоз аз даврахои лептонема, зиготена, пахитена, диплотена ва диокенез иборат аст. Дар пахитена чилликшави ё кроссинговери хромосомахо ба амал меояд. Дар диплотена хромосомахои гомологи аз хам дур мешавад ва ин ходиса дар диокенез ба охир мерасад. Дар метафазаи-1 хосилшавии дуки таксим ба охир мерасад ва ба сентромераи хромосома мечаспад. Хромосомахо дар экватор чойгир мешаванд. Дар анафазаи-1 хромосомахои чуфт аз хам чудо шуда, ба кутбхои гуногун харакат мекунанд. Дар телафазаи-1 дар кутбхо микдори гаплоидии хромосомахо чой мегиранд. Баъди ин таксимшавии II-юми мейоз огоз меёбад. Таксимшавии II мейоз хамчун таксимшавии митоз мегузарад ва дар натича хучайрахои гаплоиди-гаметахо хосил мешавад.
VI. Хучайрахои чинси.
Хучайрахои чинси ё гаметахо аз насл ба насл гузаштани хабархои ирсиро байни наслхои гуногун таъмин мекунад. Гаметахо як шакли махсусшудаи хучайра дар организмхои бисёрхучайра мебошад. Гаметахо дастаи гаплоидии хромосомахоро дорад ва баъди бордоршави зиготаи диплоиди хосил мекунад. Хучайраи чинсии занона дар тухмдон хосил мешавад ва тухмхучайра номида мешавад. Хучайраи чинсии мардона дар наслдон хосил мешавад ва нутфа меноманд. Тухмхучайра доирашакл буда, андозааш калон мебошад. Чилди тухмхучайра вазифаи мухофизатиро ичро мекунад. Тухмхучайра бо моддахои захирави-зарди бой мебошад. Нутфа бо воситаи думчааш харакат мекунад ва тухмхучайраро бордор мекунад. Нутфа ферментхои махсус дорад, ки барои ба тухмхучайра дохил шудан мусоидат мекунад.
#биология #мейоз
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1